БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Норак бинои Маркази адлия ба истифода дода мешавад

Сентябрь 1, 2022 10:26

НОРАК, 01.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили  31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бинои Маркази адлия мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бинои мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои алоҳидаи он барои кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Нотариуси давлатӣ, Ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон ва Муассисаи ислоҳии ЯС 318-и Вазорати адлия шароити кории мувофиқ муҳайё карда шудааст.

Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иброз дошт, ки “мо, кормандон хурсанд аз онем, ки бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ соҳиби бинои замонавӣ мегардем. Минбаъд мо метавонем никоҳи навхонадоронро дар толори замонавии акди никоҳи муассиса расман ба қайд гирем. Утоқҳои кории мутахассисон бо беҳтарин таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, шаҳрвандон метавонанд ба шакли электронӣ кори мутахассисонро баҳогузорӣ кунанд”.

Аз сабаби он ки Норак шаҳри сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхонаи замонавӣ  ташкил карда шудааст. Он аз ҳуҷраҳои алоҳида иборат буда, барои меҳмонон беҳтарин шароити корӣ муҳайё карда шудааст.

Мудири бахши меъморию шаҳрсозии шаҳри Норак Шамшод Ҳамидов гуфт, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Норак аз ҳисоби соҳибкорону сокинон ва мақомоти давлатӣ бунёди 180 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 120 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Норак  биноҳои Маркази адлия, корхонаҳои истеҳсоли микросемент ва маҳсулоти сохтмонӣ, майдончаи бозии кӯдакон, меҳмонхонаи сарироҳӣ ва терминали мусофирбари шаҳр, ки таҷдид гардид, ба истифода дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд