БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Сангвор 65 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд
САНГВОР, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор 65 иншооти дорои таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадулло Исмонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Аз шумораи умумии иншооти нақшавӣ то имрӯз дар ноҳияи Сангвор се пули пиёдагузар дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, хонаи истиқоматӣ барои ду зани бепарастор дар Ҷамоати деҳоти Заршӯён ва толори варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Чилдара мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар оянда вобаста ба муроҷиати соҳибкорону сокинон ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ шумораи иншооти ҷашнӣ зиёд карда мешавад.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Сангвор Ҳаким Раҷабов иброз намуд, ки «дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва саноатикунонии мамлакат дар ноҳияи Сангвор коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк дар деҳаи Дашти Ғурк, корхонаи коркарди ангишт дар Ҷамоати деҳоти Заршӯён, коргоҳи банду басти асал дар маркази ноҳия, коргоҳи истеҳсоли қуму шағал, коргоҳи дару тирезаҳои пластикӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва ду коргоҳи кокарди чӯбу тахта ба истифода дода мешаванд. Тавассути фаъолияти онҳо қисми зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин мегарданд».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






