БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода муассисаи таълимӣ ва маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуданд
ТУРСУНЗОДА, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оғаи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №114 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №114 аз 10 синфхона иборат аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани таълимгоҳи мазкур туҳфаи арзишманди соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳот ба хонандагону устодони ин маҳаллаи дурдаст дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сокинони шаҳри Турсунзода ин ҷашни зебои Ватанро бо рӯҳияи идона ва бо пайкори созанда истиқбол мегиранд.
Ин аст, ки дар доираи ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ бо иштироки меҳмонон дар деҳаи дурдасти Навободи Ҷамоати деҳоти Регар маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд. Маркази саломатии деҳоти Янги-қишлоқ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва кумаки соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ба 900 нафар аҳолии ин ҷамоат кумаки тиббӣ мерасонад.
Дар ҷамъомади ифтитоҳи ин биноҳои замонавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Турсунзода бо аҳолии ин деҳоти дурдаст суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид доштанд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ тарбия намуда, дар созандагию бунёдкории диёри хеш саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






