БА ШАРАФИ РӮЗИ ОМӮЗГОР. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе собиқадорони соҳа қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи омӯзгор бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳия барномаи фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар доданд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳия Самӣ Шариф аҳли маорифи ноҳия ва омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, ҷиҳати саҳми арзандаи онҳо дар рушду пешрафти соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим изҳори сипос намуд.
Зикр шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи маориф ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор ёфта, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои омӯзгорон ва наслҳои наврас тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани неруи зеҳнии омӯзгорон чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Аз ҷумла, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардидааст. Низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсил буда, дар баланд бардоштани сифати он ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш барои саҳмгузорӣ дар рушди маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва беҳбуди сатҳи таълим як зумра собиқадорону омӯзгорони фаъол ва гирандагони аттестати аъло ва медали тилло бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе








Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд






