Ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Деваштич ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара, ки дар воқеаҳои охири марзӣ 14-17 сентябри соли равон аз ҳама бештар манзилҳои истиқоматиашон зарар дида буданд, ба миқдори зиёд молҳои хоҷагӣ, аз ҷумла гилем, кўрпаву кўрпача, болишт, дег, зарфҳои гуногунҳаҷм, либосҳои кӯдакона, инчунин маводи хӯрока, аз қабили зиёда аз 1 тонна картошка, сабзӣ, биринҷ, орд, пиёз, макарон, шириниҳо ва равғани растанӣ кумак расонида шуд.
Тавре аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ҳизбиёни ноҳияи Деваштич бо расонидани кумаки моддӣ ҳамраъии худро ба зарардидагони шаҳри Исфара дар муноқишаҳои сарҳадӣ изҳор намуданд.
Бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Мамурзода, кормандони масъули ноҳиявии ҳизб, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҷамоати Чоркўҳ Савриддин Раҷабов кӯмаки башардӯстона ба сокинони маҳаллаи Сомониён супорида шуд.
Зуфар Исмоилзода зимни суҳбат сокинони маҳалларо ба таҳаммулпазирӣ даъват намуда изҳор кард, ки дар ҳамаи ҳолатҳо ҳизбиёни вилояти Суғд ҳамеша дар паҳлӯи онҳо мебошанд. Ҳамеша омода ҳастанд, ки онҳоро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намоянд.
Зарардидагон барои кӯмаку дастгирӣ ба ҳизбиёни ноҳияи Деваштич миннатдории самимӣ баён карданд.
АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






