«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

Сентябрь 27, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва 20-солагии таъсисёбии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5-6 октябри соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.

Барои иштирок дар кори конференсия олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо даъват шудаанд.

Ҳадафи асосии конференсия мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба маҳсуб меёбад.

Маводҳои конференсия дар сомонаи https://www.imoge.tj/ ҷойгир карда шуда, дар нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ интишор меёбанд.

Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:

— Истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;

— Муносибатҳои муосири ҳифзи захираҳои об аз ифлосшавӣ ва технологияҳои тозакунии оби нущокӣ;

— Ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор;

— Рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

— Иншооти гидротехникӣ ва бехатарии онҳо;

— Истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва масъалаҳои марбут ба об;

— Масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо;

— Ҳодисаҳои хатарноки табиӣ ва идоракунии хатари офатҳои марбут ба об;

— Асосҳои илмӣ ва таълимии рушди иқтидор дар соҳаи хоҷагии об;

— Таҷдиди таърихии ташаккули ландшафтҳо ва иқлими Осиёи Марказӣ бо мақсади дурнамо ва рушди устувор.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад