«БИШНАВ АЗ НАЙ…». Дар Кӯлоб ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид

Сентябрь 30, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 сентябр дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳр Арафамо Даминзода зикр намуд, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу оромии кишварамон зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷашнҳои милливу таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос ва арҷ гузоштан ба фарҳанги гузаштагонам дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ баргузор мегарданд.

«Воқеан ҳам арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламгир ва мероси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезу тунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад»,-гуфт Арафамо Даминзода.

Директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Ҳотам Асозода изҳор кард, ки Мавлоно аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ҷалолуддини Балхӣ бо осори орифонаю безаволи худ, аз ҷумла «Маснавии Маънавӣ» бо гузашти асрҳо дили ҳаводорони каломи манзумро тасхир намудааст.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш шоир Хосият Вализода тазаккур дод, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш аз 800 сол инҷониб маъруф аст.

АКС: бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 30, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд