Дар Академияи идоракунии давлатӣ доир ба муқовимат ба коррупсия мулоқот гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Коррупсия- зуҳуроти номатлуби ҷомеа» бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон вохӯрӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.
Дар вохӯрӣ ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода зикр намуд, ки “дар ҷаҳони муосир дар радифи дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз фасод ё коррупсия мебошад. Мубориза бар зидди падидаи мазкур танҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Коррупсияро наметавон танҳо як ҳодисаи ҷиноӣ унвон кард, зеро он имрӯз доираи васеи муносибатҳоро фаро гирифтааст”.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Василбек Назриён иброз дошт, ки “дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишоф ва рушди давлатҳо гардидааст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Муқовимат ба ин зуҳурот ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад”.
Дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия таъсис дода шудааст. Он гузаронидани давраҳои омӯзишӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони субъектҳоеро, ки бевосита ба коррупсия муқовимат мекунанд ва ё дар муқовимат ба он иштирок менамоянд, ба роҳ мондааст.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






