Дар Академияи ВАО доир ба публитсистика ва баъзе масъалаҳои он дар замони истиқлолият ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 30, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Публитсистика ва  баъзе масъалаҳои он дар замони истиқлолият»-  таҳти чунин унвон имрӯз дар Академияи воситаҳои ахбори омма  /ВАО/ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни бахши журналистикаи донишгоҳҳои мамлакат ва коршиносони соҳаи ВАО  иштирок намуданд.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад, ки дар конфронс Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  Зинатуллоҳ Исмоилзода, директори Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ, устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон  Шариф Муллоев ва корманди масъули Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Иброҳим Аҳмад доир ба баъзе масъалаҳои марбут ба публитсистика, рушду ташаккули ин жанр дар замони    истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки публитсистика яке аз жанрҳои муҳим дар ВАО буда, дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муассир мегузорад. Публитсистикаи миллӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфта, нашри маводи гуногуни публитсистӣ дар ин давра, ки фарогири масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мебошанд,  бозгӯи гуфтаҳост. Дар зарфи беш аз 30 соли истиқлолияти  давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи рӯзномаю маҷалла ва телевизиону радио афзоиш ёфта, имрӯз дар фазои иттилооотии кишвар беш аз 100  шабакаи телевизиону радиои давлатӣ ва мустақим фаъолият доранд, ки бо пешниҳоди мақола ва барномаҳои публитсистӣ дар ташаккули жанри публитсистикаи миллӣ  ва афкори ҷомеа  нақши муассир мегузоранд.

Иштирокдорони конфронс ҳамзамон дар мавзӯъҳои «Бозтоби таҳаввури  Эмомалӣ Раҳмон  дар публитсистикаи Шералӣ  Мӯсо», «Мавқеи очерк дар  эҷодиёти  Шодон  Ҳаниф», «Унсурҳои воқеият дар  латифаи публитсистӣ», «Шинохт ва арзёбии публитсистикаи Бахтиёр Муртазо», «Нақши воситаҳои ахбори омма дар раванди демократикунонии ҷомеа», «Таҳрифи воқеъият дар маводи журналистӣ», «Баррасии масъалаҳои экологӣ дар публитсистикаи даврони соҳибистиқлолӣ», «Нақши рӯзномаҳои маҳаллӣ дар инъикоси пайомадҳои иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ», «Инъикоси хизматҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат дар барномаҳои телевизионӣ» ва ғайра дар ду бахш маърӯза  намуданд.

Ёдовар мешавем, ки публитсистика аз калимаи лотинии «паблик» гирифта шуда,  халқ, омма, гурӯҳи бузурги одамонро ифода мекунад. Публисистика чун мафҳум дар муҳити илмию амалии бештар истифода гардида,  маънояш таъсир расонидан ба афкори омма аст. Яъне ҳар матлабе, ки ба воситаи он ба фикру ақидаи одамон таъсир расонидан мумкин аст, публитсистика номида мешавад.

                    АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Бузҳоро дар Калифорния ҳамчун воситаи оташнишонӣ ба иҷора мегиранд
Дар Ҳавайӣ вулқони Килауэа аз нав хурӯҷ намуд
Навгонӣ дар бозори алоқаи мобилӣ: чӣ қадаре, ки мехоҳӣ, пардохт намо. Ва ё тарофаи худро бо зиёда аз 900 намуди хизматрасонӣ бисоз
Дар музофоти Ҳайнани Чин бар асари боришоти шадид сатҳи баландтарини хатар эълон карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон болоравии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Олимон дар ғизо манбаи тасодуфии пластикиро ошкор намуданд
Дар Душанбе 20 нафар занон-кормандони вазорату идораҳо малакаи забондонии худро ташаккул доданд
Имрӯз дар Душанбе гармии ҳаво рӯзона то 39 дараҷа мерасад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1340 то 0.1365 сомонӣ муқаррар карда шудааст
Дар Бағдод бар асари тӯфони регӣ тақрибан 500 нафар осеб бардошт
Дар Ҳаити бар асари офати табиӣ 42 нафар ҳалок шуд