Дар Берлин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Сентябрь 26, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ «Шоми парлумонии Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон – NABU» баргузор гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Берлин Имомудин Сатторов иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон ба ҷамъомадагон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Конфронси оби соли 2023, эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», эъломи «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ва аҳаммияти мубрами таъсиси «Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумоти муфассал дод.

Ҳамчунин ба раванди татбиқи ташаббуси минтақавии Олмон «Осиёи Марказии сабз», дурнамои ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон (NABU) ва рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон тамаркуз карда шуд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Олмон, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, вакилони Бундестаг, ташкилот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳайвоноти нодир, ҳамчунин доираи хабарнигорон ҳузур доштанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 26, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд