Дар Боку Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Сентябрь 6, 2022 11:07

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 3 сентябр бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатии кишвари иқомат, сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Боку ба қайд гирифта шудаанд, ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон сухан гуфт.Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон шуд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 6, 2022 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд