Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,6 маротиба зиёд шуд. Ин нукта дирӯз, 5 сентябр зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ»-и Бонки исломии рушд Валид Аддас зикр гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин 19 аъзову мутасаддиёни фонд ва Директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ иштирок намуданд.
З. Завқизода ба ҳайати Бонки исломии рушд ва Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ»-и Бонки исломии рушд барои дастгирии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар минатдорӣ баён карда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ афзалияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 2723 муассисаи тандурустӣ ба истифода супорида шудаанд, ки шумораи онҳо то имрӯз ба 5116 муассисаи тиббӣ расонида шуд. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуд. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ дар ин давра 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.
Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ» соли 2016 таъсис дода шуда, дар айни замон ба 33 кишвари аъзои Бонки исломии рушд хизмат мерасонад. Он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо маблағи 27 млн доллари ИМА татбиқ дорад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷараёни иҷрои лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, беҳдошт ва таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар идомаи мулоқот З. Завқизода аз ҷониби ҳайати Бонки исломии рушд даъват ба амал овард, ки бо назардошти таъсири буҳронҳои ҷаҳонии имрӯза маблағгузориро ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намоянд. Даъвати мазкур аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд






