Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардид

Сентябрь 6, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,6 маротиба зиёд шуд. Ин нукта дирӯз, 5 сентябр зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ»-и Бонки исломии рушд Валид Аддас зикр гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин 19 аъзову мутасаддиёни фонд ва Директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ иштирок намуданд.

З. Завқизода ба ҳайати Бонки исломии рушд ва Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ»-и Бонки исломии рушд барои дастгирии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар минатдорӣ баён карда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ афзалияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 2723 муассисаи тандурустӣ  ба истифода супорида шудаанд, ки шумораи онҳо то имрӯз ба 5116 муассисаи тиббӣ расонида шуд. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуд. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ дар ин давра 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.

Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ» соли 2016 таъсис дода шуда, дар айни замон ба 33 кишвари аъзои Бонки исломии рушд хизмат мерасонад. Он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо маблағи 27 млн доллари ИМА татбиқ дорад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷараёни иҷрои лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, беҳдошт ва таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар идомаи мулоқот З. Завқизода аз ҷониби ҳайати Бонки исломии рушд даъват ба амал овард, ки бо назардошти таъсири буҳронҳои ҷаҳонии имрӯза маблағгузориро ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намоянд. Даъвати мазкур аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Сентябрь 6, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид