Дар Душанбе доир ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Сентябрь 7, 2022 16:03

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон» бо иштироки устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон ҳамоиши илмӣ — сиёсӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.

Қабл аз оғози ҷамъомад роҳбарият ва кормандони Академия аз марказҳои тестӣ ва китобхонаи илмӣ боздид намуданд.

Ҳамоиши ҷашниро Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода оғоз бахшида, иброз дошт, ки имсол мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу ваҳдат ва бо ифтихор аз соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҷлил менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити васеъ барои таъсиси парламенти касбӣ ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ фароҳам оварда, ба мустаҳкам намудани пояҳои давлатдориву ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ заминаи устувори умедбахш ниҳод. Дастгирии занону ҷавонон ва тамоми қишри ҷомеаро дар асоси қабули қонунҳои дорои ҳифзи арзишҳои инсонӣ ба роҳ монда, ҷалби ҳарчи бештари мардумро ба таъмини зиндагии шоиста равона намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми давлатдориро бар уҳда гирифт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар волоияти қонун амал намекард. Тамоми қувваҳои сиёсии мамлакат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи яроқнок на баҳри манфиатҳои умумимиллӣ, балки баҳри манфиатҳои тангназаронаву ифротгаронаи хоҷагонашон талош мекарданд. Дар чунин шароити ниҳоят сангин вазифаи муҳимтарини роҳбарияти нави Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмини сулҳу субот ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, инчунин ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини амнияти давлат ба ҳисоб мерафт. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як вақт Сарварии давлатро низ ба уҳда дошт, бо дарки воқеии вазъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт. Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва шоёни таҳқиқ ва омӯзиш буда, моро зарур аст, ки нукта ба нукта ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзонем.


Дар ҳамоиш зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Таъкид гашт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.

Зикр гардид, ки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар чомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ мегарданд. Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда, иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди илму маориф саҳми худро мегузоранд. Дар ҳама соҳаҳои кишвар садҳо занони далеру шуҷоъ баробари мардон фаъолият менамоянд.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар сокини кишвар мебошад, баҳри пешрафту ободии Ватани маҳбуб заҳмати пурсамар намуда, пояҳои истиқлолияти давлатиро таҳким хоҳанд бахшид.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати омӯзиши хидматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академия Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ташкил карда шуда, 3 ҷилд китоби пурарзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» бо ҷалби олимону мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ аз нашр баромад. Ҳамзамон шуъбаи Магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуда, соли равон бори аввал хизматчиёни давлатиро аз рӯи 4 ихтисос барои таҳсил қабул намуд.

Дар ҳамоиш донишҷӯён, магистрантоне, ки дар озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона доштанд, бо Ифтихорномаи Академия ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин як зумра омӯзгорон барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли ҷавон бо Ифтихорнома ва нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

  АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Сентябрь 7, 2022 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд