Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардид

Сентябрь 6, 2022 11:20

ТУРСУНЗОДА, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 сентябр дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар он намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Амиров, Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибуллозода ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Турсунзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Нуралӣ Асозода иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар коллеҷи мазкур.

Зикр шуд, ки «Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик сароғози давлатдории навин ва бунёди ҷомеаи мутамаддин гардид. Дар натиҷаи соҳибистиқлолӣ кишвари мо миёни давлатҳои ҷаҳон мавқеи хоси худро пайдо намуда, миллати тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам ниҳод».

Дар идома меҳмонон як зумра омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимиро бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сарфароз гардониданд.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» низ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз соли 2001 ин ҷониб дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ кадрҳои ихтисосманд омода менамояд. Дар айни ҳол дар муассиса 9 ихтисос амал карда, муҳассилини он аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгори муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, омӯзгори забони англисӣ, математика, информатика, таърих ва биология соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.

Маросими таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саҳни коллеҷи мазкур пас аз тармиму таҷдиди бинои муассиса дар таътили тобистона баргузор карда шуда, бо барномаи фарҳангӣ  анҷом ёфт.

АКС: Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

Сентябрь 6, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд