Дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд

Сентябрь 6, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва 3 сентябр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо роҳбарии Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Дар нишаст роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби ҳамватанони муқим, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия иштирок карданд.

Зимни суханронии Сафири Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳли нишаст дар бораи ҷанбаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии давлат бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Русия маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар зимн роҷеъ ба аҳаммияти сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон дар таърихи навини точикон сухан рафт. Зикр гардид, ки маҳз ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз кишвари моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид.


Иҷлосияи мазкур ба рушду таҳкими давлатдории навин ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, татбиқи ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузошт. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият маҳз бо ҳамин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Русия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва рушди ҳамкории фарҳангию иқтисодӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.

Илова бар ин дар ҷаласа масъалаҳои таъсиси котибот ва гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия матраҳ гардиданд.

Ҳамчунин ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдода ва таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуданд.

Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳамкории фаъолона ба роҳ монанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи Шӯро ба истиқболи ин санаи муҳим бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов Б. Қ., намояндаи Палатаи савдову саноати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ахмедов Б.Б., табиби тоҷики муқими Федератсияи Русия бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 6, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд