Дар Москва бахшида ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоиши аксҳо доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия намоишгоҳи аксҳо бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия кушода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ аз Москва хабар дод.
Дар маросими ифтитоҳ роҳбарони ниҳодҳои сиёсати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Русия Сергей Лавров ширкат намуданд.
Дар намоишгоҳ аксҳо ва ҳуҷҷатҳои нодир аз бойгонӣ, ки бозгӯкунандаи оғози ҳамкории ду кишвар буда, ба ташаккул ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия замина гузоштаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Тавре қаблан хабар додем, 5 сентябр бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






