Дар мусобиқаи волейбол ва футболи хурд дастаҳои Рӯшон ва Хоруғ соҳиби Ҷоми раиси ВМКБ гардиданд
ХОРУҒ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ оид ба намудҳои волейбол ва футболи хурд барои ба даст овардани Ҷоми раиси вилоят роҳандозӣ шуда, ғолибон муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Дар маросими супурдани Ҷоми раиси вилоят муовини аввали Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Юсуф Мирзозода, Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ва намояндагони ширкати мобилии Тселл ширкат доштанд.
Ҳамин тавр, дастаи занонаи Роштқалъа аз намуди волейбол дар байни 18 даста ҷои сеюмро гирифта, бо ифтихорнома ва 2 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Дар ин намуди варзиш дастаи Хоруғ 1 ҷои дуюмро ба даст оварда, бо ифтихорнома ва 3 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Дастаи занонаи Хоруғ 1, ки аксари бозигаронаш аъзои дастаи мунтахаби вилоят мебошанд, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт ва соҳиби Ҷоми раиси вилоят ва 5 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ гардид.
Миёни дастаҳои мардона ҷои сеюмро дастаи ноҳияи Ванҷ аз худ кард. Мақоми дуюмро дастаи Шуғнон гирифт. Ҷои аввалро дар ин намуди мусобиқа дастаи Рӯшон ба даст овард
Дар намуди футболи хурд 10 даста ширкат намуданд. Ба бозии ниҳоӣ дастаҳои Хоруғ ва Шуғнон роҳ ёфтанд. Ин бозӣ бо мағлубияти дастаи Шуғнон ба итмом расид.
Муовини аввали Раиси ВМКБ Юсуф Мирзозода ва Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода Ҷоми раиси вилоят ва ҷоизаҳоро ба варзишгарон тақдим намуда, барои ширкати фаъол ва саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи варзиш ба наврасону ҷавонон арзи сипос намуданд.
Ҳамзамон онҳоро даъват карданд, ки бештари вақти худро сарфи варзиш намоянд, зеро варзиш кафили саломатию танумандӣ ва дӯстию рафоқат аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд






