Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.
Дар расми ифтитоҳи он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф , сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Директори МД «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳиявӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази омӯзишӣ дидан намуданд.



Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимист, ки бештар миёни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ин ҳунари мардумӣ дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, пеш аз ҳама, рамзи баҳор аст ва гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд.
Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва либоси миллиашон мешинохтанд ва ин рукн ҳанӯз ҳам риоя мегардад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимӣ буда, маълум мегардад, ки либосҳои миллии мо қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






