Дар ноҳияи Мурғоб иқтидори истеҳсоли энергияи офтобӣ зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ёддошти тафоҳум миёни ҶСК «Помир Энержи» ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба бунёди иқтидори иловагии неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб 22 сентябр дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Директори генералии ҶСК «Помир Энержи» Амирхон Раимов ва Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли иштирок намуданд.
Бо имзо шудани Ёддошт расондани иқтидори захиравии неругоҳи мазкур аз 200 кВт/ соат то 500 кВт/соат ва расонидани иқтидори умумии истеҳсоли қувваи офтобии барқ дар ноҳия аз 1000 кВт/соат ба 1500 кВт/соат дар назар аст.
Зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкории кунунӣ табодули афкор сурат гирифта, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии ноҳияи Мурғоб, амалигардони лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист маълумот дод.
Энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, яъне дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар ба вуҷуд намеорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






