Дар ноҳияи Панҷ ҳолати санитария ва таъмини об беҳтар мешавад
ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (БИР) 7 сентябр зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки мазкур аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавии БИР дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ҳолати татбиқшавии лоиҳаҳои амалкунандаи БИР дар Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлон», ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба лоиҳаҳои нави афзалиятнок, зиёд кардани сармояи умумии БИР ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Завқӣ Завқизода аз Иброҳим Шукрӣ дархост намуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати санитария ва таъмини об дар ноҳияи Панҷ аз ҳисоби лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлон» мусоидат намоянд, ки хуш пазируфта шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






