ФУТБОЛ. То марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар Душанбе 3 рӯз боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё мубориза мебаранд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии якуми худро дар ин мусобиқа 14 сентябр бо дастаи Сингапур анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I»
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.
Даври 1
14 сентябр (чоршанбе)
17:00 – Камбоҷа – Лубнон
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Сингапур
Даври 2
16 сентябр (ҷумъа)
17:00 – Сингапур – Камбоҷа
20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
18 сентябр (якшанбе)
17:00 – Лубнон – Сингапур
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа
Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Акс: ФФТ








Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд






