Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин ба 766,1 млн доллари ИМА баробар гардид
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 7 моҳи соли равон ба 766,1 млн доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 313,9 млн доллар ё 169,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нукта дирӯз зимни баргузории ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зикр гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, 7 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Шоувэн дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Зимни он З. Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Ҳиссаи Чин дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 18,5 фоизро ташкил намуда, мавқеи 3-юмро ишғол намуд. Аз ҷумла, содироти мол ба Чин дар моҳҳои январ-июли соли 2022-юм 245,1 млн. долларро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179,4 млн. доллар ё 3,7 маротиба зиёд мебошад. Воридоти мол ба 521,1 млн. доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134,6 млн. доллар ё 34,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, маориф ва илм, кишоварзӣ, технология ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбат аз ҷониби З. Завқизода ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба якчанд пешниҳодҳои мушаххас дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, бахусус нассоҷӣ, истеҳсоли батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо, алюминийи аввалия, ҳамзамон таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои иқтисоди сабзу рақамӣ, инчунин таъсиси паркҳои технологӣ ироа гардиданд.
Ҳамзамон З. Завқизода аз ҷониби Чин дархост намуд, ки аз 500 млн долларе, ки дар доираи Саммити роҳбарони Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида ба 30-солагии барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шуда буд, ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва пешниҳод карда шавад.
Музокирот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда иброз намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ Протокол ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






