Гузаргоҳи марзии Ҷартеппаи Узбекистон муваққатан баста мешавад

Сентябрь 3, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Тайи даҳ рӯз — аз 5 то 16 сентябр  гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Узбекистон, ки бо Саразми Панҷакенти Тоҷикистон  ҳаммарз мебошад, муваққатан баста мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳдудият дар ин гузаргоҳи марзӣ, ки  беш аз 10 шабонарӯз идома меёбад, ба баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд доир мегардад, иртибот дорад. Бо сабаби нишасти Сарони давлатҳои СҲШ мақомоти Узбекистон ҳатто фурудгоҳи Самарқандро барои се рӯз мебанданд.

Гузаргоҳи Ҷартеппа дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбекистон бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Аз ин гузаргоҳ аз тарафи Тоҷикистон асосан сокинони Панҷакенту ноҳияи Айнӣ, онҳое, ки ба тамошои Самарқанду Бухоро мераванд ва  ҳам онҳое, ки аз тариқи фурудгоҳи Самарқанд бо нархҳои арзонтар ба Русия сафар мекунанд, истифода мебаранд.

Инчунин  5-16 сентябр барои ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути ин нуқтаи гумрукӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мегардад. Ин маҳдудият  чанд мавриди истисноӣ дошта, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

  • ба кормандони ташкилоти дипломатӣ ва байналмилалӣ;
  • ба шахсоне, ки ба ҳайатҳои расмӣ (ҳукуматӣ) дохил мешаванд;
  • ба кормандони ташкилоти хориҷӣ, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият мекунанд;
  • ба ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалии бор машғуланд;
  • ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Узбекистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;
  • ба шаҳрвандони Узбекистон, ки дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;
  • ба шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон, ки ба ватанашон бармегарданд;
  • ба шаҳрвандони кишвари сеюм, ки ба Тоҷикистон мераванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 3, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид