«ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва рушди забони давлатӣ дар қонунгузорӣ» ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш Раиси суди олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода забони тоҷикиро аз қадимтарин ва пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон дониста, иброз намуд, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияти таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, дар маркази диққати давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.
«Дар ин раванд давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тавсиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29 ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои 10 соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона карда шудааст. Дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва истифода намудани меъёрҳои он ба фаъолияти суд, аз ҷумла фаъолияи судҳои иқтисодӣ ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ ногусастанӣ мебошад»,-изҳор дошт Р.Мирзозода.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки забони модарӣ барои дилхоҳ давлату миллат яке аз рукнҳои асосии пояи давлатдорӣ маҳсуб мешавад ва аз аҳди бостон то ба имрӯз оид ба мақом ва нақши он дар ҷомеа аз ҷониби фарзандони содиқ ва сарсупурдаи миллат корҳои шоён анҷом дода мешаванд.
Ба гуфтаи муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Муродҷон Раҷабзода, миллати тоҷик яке аз миллатҳое мебошад, ки дар саргаҳи тамаддуни ҷаҳонӣ қарор дорад ва бо дастовардҳои таърихии бемисли худ чун кишвари фарҳангӣ ва тамаддунофар шинохта шудааст. «Дарвоқеъ, забони тоҷикӣ яке аз беназиртарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб мешавад, ки он мисли оина аз фарҳангу тамаддун, таърих ва оину суннатҳои миллӣ ҷило медиҳад. Забони тоҷикӣ ва таърихи миллати тоҷик бо ҳам тавъам мебошанд, зеро мавҷудияти миллатро бидуни забони миллиаш тасаввур кардан ғайриимкон аст»,-изҳор дошт ӯ.
Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, ки бори дигар аз эҳтироми миллати тоҷик нисбат ба забони модарӣ ва насли гузаштаи худ дарак медиҳад. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






