«ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд

Сентябрь 30, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва рушди забони давлатӣ дар қонунгузорӣ» ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш Раиси суди олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода забони тоҷикиро аз қадимтарин ва пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон дониста, иброз намуд, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияти таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, дар маркази диққати давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.

«Дар ин раванд давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тавсиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29 ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони  моро барои 10 соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона карда шудааст. Дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва истифода намудани меъёрҳои он ба фаъолияти суд, аз ҷумла фаъолияи судҳои иқтисодӣ ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ ногусастанӣ мебошад»,-изҳор дошт Р.Мирзозода.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки забони модарӣ барои дилхоҳ давлату миллат яке аз рукнҳои асосии пояи давлатдорӣ маҳсуб мешавад ва аз аҳди бостон то ба имрӯз оид ба мақом ва нақши он дар ҷомеа аз ҷониби фарзандони содиқ ва сарсупурдаи миллат корҳои шоён анҷом дода мешаванд.

Ба гуфтаи муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Муродҷон Раҷабзода,  миллати тоҷик яке аз миллатҳое мебошад, ки дар саргаҳи тамаддуни ҷаҳонӣ қарор дорад ва бо дастовардҳои таърихии бемисли худ чун кишвари фарҳангӣ ва тамаддунофар шинохта шудааст. «Дарвоқеъ, забони тоҷикӣ яке аз беназиртарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб мешавад, ки он мисли оина аз фарҳангу тамаддун, таърих ва оину суннатҳои миллӣ ҷило медиҳад. Забони тоҷикӣ ва таърихи миллати тоҷик бо ҳам тавъам мебошанд, зеро мавҷудияти миллатро бидуни забони миллиаш  тасаввур кардан ғайриимкон аст»,-изҳор дошт ӯ.

Конститутсияи навини  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, ки бори дигар аз эҳтироми миллати тоҷик нисбат ба забони модарӣ ва насли гузаштаи худ дарак медиҳад. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Сентябрь 30, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон