ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БА МО ЧӢ ДОД? Хабарнигорони АМИТ «Ховар» бо ин савол ба намояндагони касбу кори гуногун муроҷиат намуданд

Сентябрь 9, 2022 09:09

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи 31 сол аст, ки мо дар фазои Истиқлолияти давлатӣ нафас мекашем.  Давлату Ҳукумати мамлакат дар ин давра бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қадам ба қадам беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум дар доираи Барномаи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат пеш рафтаанд ва дар ин замина Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади бунёди ҷомеаи навини демократию ҳуқуқбунёд имконияти  фаровон фароҳам овард. Хабарнигорони АМИТ «Ховар»  ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ миёни намояндагони касбу кори гуногун вобаста дастовардҳои беҳтарини замони Истиқлолият пурсиш гузарониданд, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

 «Истиқлолият арзишмандтарин дастоварди халқ ва давлати Тоҷикистон»

 Абдулҳафиз АШӮРЗОДА, Раиси Суди конститутсионӣ:

— Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самараи даврони истиқлолият аст, дар тӯли фаъолияташ бо санадҳои қабулнамудаи худ дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, волоияти қонун ва тартиботи конститутсионӣ нақши муассир дошта, таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷиро дар худ таҷассум кардааст. Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ дар баробари зиёда аз 160 мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон тариқи мурофиаи судии конститутсионӣ баҳри ҳифзи Конститутсия, ки инъикосгари Истиқлолияти давлатӣ аст, фаъолият дорад ва мавҷудияти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди халқ ва давлати Тоҷикистон дар ҳазорсолаи охир маҳсуб шуда, ҳамчун муқаддасоти ғояи бебаҳои миллӣ-давлатӣ нақши калидӣ касб намуд. Дастовардҳои давлати мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 31  соли соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври возеҳу равшан эҳсос мешавад, ки аз ҷумлаи онҳо ин барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва фарогирандаи дигар ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ мебошад.

«Бори аввал дар таърих таҷзияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда шуд»   

Шермуҳаммад ШОҲИЁН, Раиси Суди Олӣ:

— Истиқлолият рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил ва кору пайкорҳои созандагӣ ба хотири таъмини бахту саодати воқеии миллатҳо мебошад. Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Маҳз бо шарофати Истиқлолият шароит фароҳам гардид, ки Тоҷикистон ва халқи он дар зарфи сиву як соли давлатдории навин дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар самти мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, таъсиси Артиши миллии боэътимод, ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, таъмину ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноату энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастоварду муваффақияти назаррас ноил гарданд.

Муҳимтарин нишонаи давлати мустақил- доштани низоми мукаммали ҳокимияти давлатӣ, Конститутсия ва сохтори устувори ҳуқуқӣ мебошад. Бо қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон таҷзияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия мақоми худро пайдо намуд.

«Саломатии мардум — боигарии давлат»

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

— Дар даврони истиқлолият ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд: «Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст».

Давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар кишвар аз 956 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 881 миллиону 390 ҳазор сомонӣ  расонида шуд. Дар ин давра баҳри таъмини бонизоми рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат даҳҳо стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул шуданд, ки татбиқи босамари онҳо айни замон бомаром идома дорад.

Дастовардҳои олимони тибби тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ воқеан назаррас буда, ба самтҳои ташхиси дақиқ ва роҳҳои нави табобат бо истифода аз технологияи муосири ҷаҳонӣ равона гаштаанд. Махсусан, аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар ин давра бори аввал ҷумҳурӣ ба муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикӣ  ноил гашта, амалиёти ҷарроҳии пайванди узвҳо (гурда, ҷигар), ивази буғум, амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ дар соҳаи акушерӣ — гинекологӣ, стенткунонии роҳҳои шараёни қалб ва амалиёти ҷарроҳии пластикӣ, табобат бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва ҳомиладоркунии сунъии занҳо ва  ғайра ба роҳ монда шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ ба муассисаҳои тандурустии кишвар даҳҳо адад дастгоҳ ва таҷҳизоти замонавӣ ворид гардиданд, ки дар натиҷа ташхис ва табобати шаҳрвандон осон шуд.

Нишондиҳандаҳои асосии соҳа ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи тандурустии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,3 сол расид. Ҳоло он ки соли 1990 ин рақам ба 70,1 сол баробар буд.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид. Масалан, агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло ба 5116 адад расидааст. Ин ҳама пешравиҳо маҳз самараи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

«Низоми бонкдории муосири Тоҷикистон ташаккул ёфт»

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:

— Ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлолияти миллӣ муяссар шуд. Дар ин давра дар Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омада, кормандони БМТ низ дар баробари дигар кормандони низоми бонкии мамлакат бо меҳнати бунёдкорона ва садоқатмандии бепоён дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳимми ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад.

Тайи чанд соли охир ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиёт ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзоиш ёфт. Масалан, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 млн сомонӣ дар соли 1991 ба 6,3 млрд сомонӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2022 баробар гардид. Дар маҷмӯъ қарзҳои додашуда дар ҳашт моҳи соли равон 8,9 млрд сомониро ташкил дод, ки 5,5 млрди он ба соҳаи соҳибкорӣ рост меояд.

БМТ ба сифати мақоми танзимкунандаи бахши бонкию молиявии мамлакат, татбиқи сиёсати пулию қарзиро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ равона менамояд. Дар натиҷа, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июли соли 2022 ба 8,3 фоиз баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8 банди фоизӣ кам мебошад.

« Забони тоҷикӣ ба мақоми таърихии худ баргардонида шуд»

Фарҳод РАҲИМӢ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик:

— Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат сиёсати нави маорифу фарҳанг ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда  ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронида шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид мекунанд ва донишмандонро ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамоянд. Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд, ки китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Забони миллат-ҳастии миллат» ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон  исботи  ин гуфтаҳост. Истиқлолияти фарҳангии мо ба даст омад, ки дар амри дастьёбӣ ба он саҳми Пешвои миллат  бисёр бузург аст.

Ба андешаи устоди зиндаёд, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ, «Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфтанд, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».

Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуданд. Забони тоҷикӣ ба мақоми таърихии худ баргардонида шуд, мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт.

«Симои Исмоили Сомонӣ рамзи ҳувияти миллӣ шинохта шуд» 

Хайриддин УСМОНЗОДА, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

— Истиқлолият на ба ҳама муяссар мегардад ва агар мардумоне ҳам дар ин ҷода ба ҷoe расидаанд, он барояшон бидуни ҷонфишонию аз худ гузаштанҳо насиб нагаштааст. Таҷрибаи имрӯзаи ҳаёти сиёсии миллати тоҷик ва таърихи гузаштаю имрӯзаи ӯ низ дар ин маврид истисно нест. Дар гузаштаи на чандон дур одатан истиқлолияти кунунии кишварамонро бисёриҳо ҳамчун «туҳфа» арзёбӣ мекарданд ва онро танҳо ба ҳодисаҳои солҳои охири асри XX вобаста медонистанд. Чунин арзёбӣ аз касби истиқлолият то андозае эҳтиром аз хизмату ҷоннисориҳои наслҳои пешин, ки воқеан ҳам тавассути заҳматҳои онҳо фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик барқарор монд ва маҳз бо такя аз ин нишонаҳо миллат тавонист баъд аз чандин садсолаҳои маҳрумият аз давлатдорӣ бори дигар соли 1929 аз нав онро ба даст орад, сарфи назар менамуд. Барои ислоҳи муҳтавои чунин баҳодиҳиҳо иқдомҳои амалии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар  роҳи ҳамчун рамзи ҳувияту ваҳдати миллӣ пешниҳод намудани симои Исмоили Сомонӣ ва сазовор донистани унвони аввалин қаҳрамонони миллати тоҷик ба он шахсиятҳои сиёсию фарҳангии миллатамон, ки дар роҳи тадриҷан ба остонаи истиқлолият расидани халқи худ хизмати назарраси таърихӣ анҷом додаанд, мусоидат намуд.

Месазад, ки мо таърихи истиқлиятхоҳии мардуми худро пайваста бо ному корнамоиҳои ҷовидонаи маҳз ҳамин абармардҳо алоқаманд намоем ва собиқаи тӯлонии ҷоннисориҳои миллатамонро дар ин poҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ насупорем. Аз ин ҷиҳат 9 сентябри соли 1991 ба ин мақсад пурра ноил шудани миллати тоҷик яке аз гиромитарин фаслҳои таърихи имрӯзаи ӯ маҳсуб мешавад. 

 «Мактаби давлатдории муосири миллии тоҷикон ба вуҷуд омад»

Хайриниссо ЮСУФӢ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

— Хушбахтона, миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик баъд аз ҳазор соли ҷаҳду талошҳо ба ҳамин неъмати бузург, яъне истиқлолият даст ёфт. Файзи истиқлол ба давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон заминаи устувор гузошт, мамлакати мо  ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусияти давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Мо дар даврони истиқлолияти миллӣ дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардидем, ки онҳо бунёду ташаккули мактаби давлатдории миллӣ ва мудирияти сиёсиро таҳким бахшиданд.

Дар маҳдудаи се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, мактаби мукаммали сиёсӣ ва давлатдории муосири миллии тоҷикон шакл гирифтааст. Ин мактаб дар шароити пуртазоди таърихию сиёсӣ зина ба зина такомул ёфта, имрӯз дар шакли комил инкишоф ёфтааст. Ин мактаби сиёсӣ ва давлатдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат — Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Истиқлолияти фарҳангӣ нигоҳ доштани дастовардҳои таърихии миллат, мероси волои маданӣ, расму оин ва муқаддасоти гузаштаву имрӯзаи ниёгонро фаро мегирад. Маҳз истиқлолият имкони истифодаи сарватҳои миллӣ ва рӯй овардан ба фарҳанги миллиро ба миён овард.

 «Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад»

Раҳим БОБОЗОДА, муовини якуми Вазири нақлиёт:

— Яке аз дастовардҳои муҳиме, ки Тоҷикистон дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ ноил гардидааст, татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ   2400 км роҳ,  326 пул,  ду чорроҳаи сесатҳа,  ду чорроҳаи дусатҳа,  шаш адад нақби мошингузар, 124 долони  зиддитармавӣ, 219 км роҳи оҳан, панҷ пул ва се нақби қаторагузар бунёд гардидаанд, ки дар рушди иқтисоди миллӣ ва раҳоии мамлакат аз бумбасти коммуникатсонӣ ва барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши муассир доранд.

 «Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон дар Тоҷикистон тақдим гардид»

Дилноза АҲМАДЗОДА, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ: 

— Дар шароити кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва иҷтимоӣ арзишҳои иҷтимоии мафкуравиро дар рушди давлатдории миллии хеш ҳамчун заминаи асосӣ эътироф намуда, дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ ҷиҳати ташаккули идеологияи сирф миллӣ тадбирҳои амалӣ, саривақтӣ ва мақсаднокро роҳандозӣ намуд.

Яке аз ин тадбирҳои мақсаднок, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ин тақдими туҳфаи арзишмандтарин- китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадони миллати тоҷик ва эълони озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллати тоҷик» мебошад, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» инъикос ёфтааст, мебошад.

«Соҳаи авиатсияи мамлакат рушд намуд»

Азиз НАБИЗОДА, муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи  авиатсияи мамлакат, хусусан инфрасохтори хизматрасонии соҳаи авиатсионии кишвар рушд намуд. Аз ҷумла, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ ба фурудгоҳи замонавии дорои хатти нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву  замонавӣ табдил гардида, имкони қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои хурду бузургро дорад. Алҳол  дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият доранд.

Бо дарназардошти муҳимияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллии кишвар маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ФБД терминали нави муосир барои мусофирон  ва терминали нави муосири боркашонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин толори қабули меҳмонони расмии ФБД мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ, ки баландиаш беш аз 42 метр аст, ба истифода дода шуд. Ин иншооти бузурги аэронавигатсионӣ  дар таъмини  бехатарии парвозҳо аҳамияти калон  дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи  парвозу нишасти  киштиҳои ҳавоӣ аст ва мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шуд, ки бозгӯи дастовардҳои беназири соҳаи авиатсияи граждании мамлакат дар зарфи солҳои Истиқлолияти  давлатӣ мебошад.

«Дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад»

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА, сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия:

— Мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ яке аз мақомоти муҳиму  асосии низоми мақомоти адлияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Марҳилаҳои таърихии ташаккули мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бой ва пурғановат буда, дар маҷмӯъ метавон онро ба се марҳила ҷудо намуд.

Дар 31 соли истиқлолият мақомоти САҲШ ба пешравиҳо ноил гардид. Дар навбати аввал барои рушди соҳаи бақайдгирӣ заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё шуданд. Пеш аз ҳама, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя кардани давлат,  кафолати ҳуқуқи ташкили оила ба ҳар кас, кафолати аз синни никоҳӣ ақди никоҳ бастани марду зан ва кафолати баробарҳуқуқии зану шавҳар дар бекор кардани он дар Конститутсияи ҶТ (моддаи 33) пешбинӣ гашт, қабули Кодекси нави оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998), Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз ҷумлаи онҳост. Мисолҳои равшани дигари дастовардҳои мазкур — ин дар сатҳи қонунгузорӣ мустаҳкам намудани якчанд падидаҳо мебошад, аз ҷумла аҳдномаи никоҳ, муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, муқаррар намудани синни никоҳӣ аз 18-солагӣ, ҳатмӣ будани аҳдномаи никоҳ ҳангоми бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, бартарияти ҳуқуқҳои кӯдак дар оила, ба таври судӣ муқаррар намудани фарзандхондӣ, манъи никоҳи хешутаборӣ, ройгон додани шаҳодатномаи таваллуд дар муҳлати се моҳ, тибқи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва арзишҳои таърихӣ ивази ному насаб ва номгузорӣ кардани фарзандон ва монанди инҳо.

Дастоварди дигари 31 соли истиқлолият — ин давра ба давра (аз ибтидои соли 2016) якҷо бо шарикони рушд (Барномаи рушди СММ (UNDP) ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд (SDC) ба низоми электронӣ гузаштани САҲШ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ, ҷорӣ кардани сабтҳои электронӣ (аз моҳи апрели соли 2019) ва чопи бланкҳои шаҳодатномаҳо (аз 1 марти соли 2020), хизматрасонӣ бо усули “Равзанаи ягона” (дар ш.Кӯлоб, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва ғайра), такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки САҲШ, устувор намудани заминаи моддию техникии соҳа ва дар заминаи ташкили марказҳои адлия бо утоқҳои кории замонавӣ таъмин шудани бахшу шуъбаҳои САҲШ, инчунин беҳтар шудани нишондиҳандаҳои соҳа мебошанд.

«Соҳаи тандурустӣ ба таври бесобиқа рушд кард»

 Алиҷон ҶӮРАЕВ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб:

 — Дар давраи истиқлолият баъзе самтҳои соҳаи тандурустӣ бе муҳоббо чунон тараққӣ карданд, ки дар 30-40 соли замони Шӯравӣ чунин дастовардҳо набуд. Аз ҷумла, бо ифтихор дастовардҳои соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳоро метавон зикр намуд. Масалан, агар соли 1995 1 ҷарроҳӣ дар дил иҷро шуда бошад, пас ҳоло ҳамарӯза ду амалиёт гузаронида мешавад.

Ё ин ки ангиопластикаи таъҷилӣ ҳангоми синдроми шадиди коронарӣ ва сактаи дил ба таври шабонарӯзӣ иҷро карда мешавад. Агар солҳои қаблӣ беморон бо сакта то 2 моҳ дар беморхона бистарӣ мешуданду ҳамаашон ба маъюбӣ гирифтор мешуданд, пас имрӯз баъди стентгузорӣ танҳо 2-3 шабонарӯз барои табобат лозим асту беморон давоми 10 рӯз ба фаъолияти муқаррарӣ бармегарданд.

Дастоварди дигари ин соҳа- ин барқарор намудани дасту пойҳои дар натиҷаи осеб қисман ё пурра кандашуда мебошад, ки бештари беморонро аз маъбӣ наҷот медиҳад.

Бо ҳамроҳии олимони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ якчанд дастгоҳи криоҷарроҳӣ коркард гашта, то ин дам бо истифода аз ҳарорати пасти нитрогени моеъ беш аз 300 амалиёти чарроҳии ҷигар ва дигар узвҳои шикам гузаронида шудааст. Криоҷарроҳӣ имкон дод, ки истифодаи маводи хун ҳангоми амалиёти буриши ҷигар ва ғадуди зери меъда назар ба ҷарроҳии маъмулӣ 2-3 маротиба коҳиш ёбад ва муҳлати бистарикунонии беморон 5-7 рӯз кам гардад.

Соҳаи саратоншиносии мамлакат низ бо шарофати истиқлолияти мамлакат ба дастовардҳои назарраси илмию амалӣ ноил гардида, имрӯз дар табобати махсуси беморони гирифтори саратон навтарин дастгоҳҳо истифода мешаванд, ки ба беҳтар намудани натиҷаи табобат ва дароз намудани умри беморон мусоидат менамоянд.

Дастоварди дигари соҳа- ин ворид сохтани ҷарроҳии тармимию барқарорсозии ҳангоми саратони сар ва гардан, истифодаи технологияҳои видеоэндоскопӣ ҳангоми ҷарроҳии саратони узвҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

Бо шарофати истиқлолияти ҷумҳурӣ ва воридсозии технологияҳои муосир бе ҷарроҳӣ гирифтани санги гурда ё нои пешоббарор, махсусан дар занони ҳомила комилан ба роҳ монда шуд, ки сифати ҳаёти беморонро баланд бардошта, маъюбшавӣ ё корношоямиро аз байн бурдааст.

Яке аз дастоварди бузурги тибби муосир- ин пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ҳисоб ёфта, сатҳи тараққиёти ҳар давлат ва тибби онро нишон медиҳад. Назари некбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пайвандсозии узвҳо имкон дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ аввалин шуда, мо ин соҳаи тибро равнақ диҳем. Имрӯз беш аз 800 амали ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ҷигар ва мағзи устухон амалӣ шуда, нуфузи ин соҳа рӯз аз рӯз баланд гашт. Беморон барои пайванди гурда ва ҷигар аз Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Украина, Озарбойҷон, Русия, Исроил, Америка, Ливия ва Иёлоти Муттаҳидаи Араб муроҷиат намуда истодаанд. Шуъбаи пайвандсозӣ дар ноҳияи Данғара низ аз соли 2015 фаъолият намуда, то ин дам ба 62 бемор, аз ҷумла ба 2 шаҳрванди хориҷӣ пайванди гурда гузаронида шудааст.

«Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»  дастраси ҳар хонадон гардонида шавад!»

Назри ЯЗДОНӢ, шоир:

 — Асарҳои безаволи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» ва «Чеҳраҳои мондагор» дар шинохт ва муаррифии таърих ва фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик саҳми назаррас доранд.

Мо сарлашкарон Спитамен, Темурмалик, Деваштич дорем, вале Пешвои миллат бо ин кори худ ба оламиён паём доданд, ки мо на бо шамшерҳои худ, балки бо фарҳангу тамаддуни худ ифтихор мекунем. Бинобар ин, вақте арзи миллиро таъсис додем, дар варақҳои он чеҳраҳои фарҳангиямон ба монанди Рӯдакӣ, Сино, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ҷой дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки соли 2023 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пекшвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад. Биноан, месазад, ки дар ин сол китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат, ки дар шаҳри Лондон нашр гардидааст, мисли китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз номи Сарвари давлат дастрасӣ ҳар хонадон гардонида шавад.

«Шарафи олимпӣ эҳё гардид»

Дилшод НАЗАРОВ, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон:

— Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 бо мақсади ҳимояи шарафи варзиши Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини рушди олимпизм дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 24-уми сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.

Дар солҳои аввали истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари ҷавони давлат, Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар мегардиданд ва бо медалҳо ба Ватан бармегаштанд. Аз ҷумла, варзишгари тоҷикистонӣ Андрей Абдувалиев солҳои 1993 ва 1995 дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар намуди гурзандозӣ сазовори медали тилло гардид.

Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1994 дар XII Бозиҳои Осиё, ки дар шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон баргузор шуд, ширкат кард. Дар ин бозиҳо варзишгарони мо сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд. Умуман, дар Бозиҳои тобистонаи Осиё Тоҷикистон то имрӯз сазовори 27 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидааст.

Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ бошад, бори аввал соли 1996 дар шаҳри Атлантаи ШМА ширкат кард. Дар ин бозиҳо 8 варзишгар шарафи варзиши кишварамонро ҳимоя карданд. То имрӯз Тоҷикистон сазовори 4 медали олимпӣ гардидааст – 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии Пекин-2008, Сочӣ-2014, Пекин-2022 бевосита иштирок карданд, ки ин амалашон боиси руҳбаландии варзишгарон гардид.

«Эҳёи воқеии фарҳанги миллӣ оғоз гардид» 

Аслиддин НИЗОМӢ, доктори илмҳои санъатшиносӣ:

— Мо бояд ифтихор аз он созем, ки дар 31 соли истиқлолият давлати мо тавонист мардумашро то ҳадди имкон зудтар ва амиқтар аз бузургтарин падидаҳои меросӣ, аз беҳтарин намунаҳои бойи маънавияти миллӣ огоҳ намояд. Вақте мероси гаронбаҳои мо – мусиқии Шашмақомро баъзе доираҳои «фарҳангдӯсти» олам аз худ карданӣ шуданд, Президенти Тоҷикистон дарҳол фармони таърихиро оид ба рушди ин санъати асил ба тасвиб расониданд. Ҳамин буд, ки пас аз чанде ташкилоти ЮНЕСКО бо Қарори махсуси худ  Шашмақоми тоҷиконро ба номгӯи бузургтарин падидаҳои мероси маънавии олам ворид намуд.

Дар Тоҷикистон дар замони истиқлолият эҳёи воқеии фарҳанги миллӣ оғоз гардид. Бинои муҳташами Китобхонаи миллӣ бунёд гардид, ки он бидуни муболиға ба маркази бузургтарини донишандӯзӣ табдил ёфт. Ин  хазинаи бузурги маърифат аз рӯи нишондиҳандаҳои тахассусӣ (фонди 13 миллионаи китоб, шароити беҳтарин барои ҳифзи осор, технологияи ҳозиразамони хизматрасонӣ ва ғ.) яке аз беҳтарин китобхонаҳои олам ба шумор меравад.

«Таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шуданд»

Ғиёсиддин МИРОҶОВ, Академик: 

— Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҷҳизоти муосиртарин, комплекси радиологӣ, дастгоҳи мубодилаи занҷирии полимерзӣ (МЗП) барои таҳлили генетикӣ, фиброскан, эндоскопияи капсулӣ ва ғайра харидорӣ гардиданд, ки ба туфайли онҳо имконияти гузаронидани таҳлили муосири генетикии молекулавӣ дар сатҳи баланд ба даст омада, омӯзиши хусусияти осеби вирусии ҷигар, ки ҳамчун мушкилоти мубрами гепатология боқӣ мемонад, ба роҳ монда шуд.

Бузургтарин дастоварди ҷарроҳӣ дар гастроэнтерология дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ — дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави муосири амалҳои эндоскопӣ — полипэктомӣ, склеротерапияи хунравии меъдаву рӯда, бандубасти рагҳои варикозӣ мебошад.

Бо истифода аз технологияҳои муосир, аз ҷумла дастгоҳи нави видеогастроскоп дар шароити толориҳӣ, бори нахуст ба як бемор балони интрагастралӣ нисбат ба бемории фарбеҳӣ муваффақона гузошта шуда, айни замон бемор зери назорат қарор дорад ва дар муҳлати начандон дароз натиҷаҳои хуб ҳам ба даст омадааст.

Дар заминаи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон якчанд гепатопротекторҳо — «Гепатоман», «Гепасаф», «Асгиман», Камолин, МукоферС, Гастрофор, Седармон таҳия шуданд, ки бо патент ҳифз шуданд ва барои табобати беморони гирифтори гепатити музмин ва сиррози ҷигар бомуваффақият истифода мешаванд.

Бори аввал  усули нави ташхиси бемориҳои ҷигар бо истифода аз дастгоҳи нави замонавии Фиброскан (FibroScan 502 Touch) ба роҳ монда шуд. Ин усули миниинвазивии ҷигар ба ҳисоб рафта, барои муайян кардани дараҷаҳои фибрози ҷигар ва инчунин назорати табобати зиддивирусии беморони гепатитҳои музмин ва сиррози ҷигар мусоидат менамояд. То ҳол бо ин усул ба зиёда аз 60 ҳазор бемор ройгон ташхис гузаронида шудааст.

«Пайки пирӯзии миллат вирди забони пиру барно шуд»

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи  Рӯдакӣ:

— Дарки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, дарки моҳияти таърихии он буд, ки халқи парокандаи моро ба ҳам овард, ба майдони бозсозиву бунёдкориҳои бесобиқаи кишвар раҳнамо гардид.

Ба андешаи банда чанд омиле ҳастанд, ки  боиси ин ягонагӣ ва истиқболи самимона аз Истиқлолияту озодӣ ва муқаддасоти миллату меҳани мо гардидаанд. Аз ҷумла, омили аввал, эҳёи дубораи як халқ, як миллат, яъне миллати тоҷик; расидан ба он армони бузурге, ки асрҳо миллати мо дар орзуяш буд, яъне озодӣ ва истиқлолият мебошад. Зеро воқеан қиматтарин дастовард барои як миллат, як халқ  истиқлолияти давлатии ӯст. Хусусан барои миллати қадимӣ ва соҳибфарҳанге, ки  собиқан дар таърих соҳиби истиқлолият ва давлату ҳукумати эътирофгардидаи худ будааст арзиши ин озодиро пас аз асрҳои гирифторӣ хуб мешиносад.

Дарки моҳияти тақдирсози Истиқлолияти давлатӣ  ва Ваҳдати миллӣ дарки шарафу нангу номус, дарки ояндаи шукфони худ, дарки боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори хеш, дарки ҳимояи марзу буму фардои хушбахтонаи фарзандону хонаводаи худ аст.

Дарки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дарки моҳияти таърихии он буд, ки халқи парокандаи моро ба ҳам овард, ба майдони бозсозиву бунёдкориҳои бесобиқаи кишвар раҳнамо гардид.

Воқеан Пешвои миллати мо тавонистанд ҳамон оташи дурахшони муҳаббату садоқати самимона нисбат ба халқу Ватанро, ки дар сиришташ ҳамеша фурӯзон буд, дар тӯли ин ҳама солҳои сарварӣ пайваста аз дилу ҷони худ ба дилу ҷони халқашон интиқол бидаҳанд. Меҳру муҳаббат ва садоқати Ватанро пора-пора, зарра- зарра бо ҳар амалу гуфтору кирдор ва натиҷаҳои самарабахши онҳо аз сиришти худ ба сиришти халқу миллаташ бигзаронанд. Ин аст, ки имрӯз халқи тоҷик, хурду бузург бо як забон мегӯянд: Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, парчам, забони модарӣ  ва ғайра.

Мо ба ёди ту ба сад ҷабру ҷафоҳо зистем!
Як нафас бе ту агар бошем, ҳаргиз нестем!
Ҳамватан!Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост!
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост!

 «Тоҷикон ба мақсади ниҳоии худ ноил шуданд»

Гул МАҲБУБА, мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия

— Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, алалхусус мо тоҷикон аз беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандорӣ, инчунин ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, шароит фароҳам овард, ки дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.

Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикону тоҷикистониён ба ҳадафу мақсади ниҳоии худ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва як давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда расиданд.

Бояд таъкид намоям, ки саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ба даст овардан ва таҳкими истиқлолият хело назаррас аст.

Ба хотири таҳкими амнияту оромии шаҳрвандон, мубориза бо дастаҳои муташаккили ҷинояткор ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин рафъи хатару таҳдидҳои душманони миллат беш аз 2500 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини шароити моддӣ ва маишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бо дастгириву ғамхории Сарвари давлат садҳо бинову иншооти мақомоти корҳои дохилӣ азнавсозӣ ва тармиму таҷдид гардиданд.

Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ташаббусу пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша аз ҷониби роҳбарони кишварҳои дунё хуш пазируфта шуда, мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки обрӯ ва нуфузи ҷаҳониро соҳиб гардидан ва мавқеи хосаро пайдо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олам, маҳз аз шарофати истиқлолият аст.

«Мақомоти прокуратура истиқлолияти комил ба даст оварданд»

Фаррух КОМИЛ, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 2:

— Ҳар давлат новобаста аз сохтори сиёсии худ низоми кафолатҳоеро муайян месозад, ки ҷиҳати таъмини қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ҷомеаву давлат равона шудаанд. Дар Тоҷикистон, дар ин низом мавқеи муҳимро мақомоти прокуратура ишғол менамояд.  Маҳз дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар рушд ва инкишофи мақомоти прокуратура таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад. Мақомоти прокуратура истиқлолияти комил ба даст оварданд.  Ин имкон дод, ки прокуратураи ҷумҳурӣ вазифаҳои худро дар самти таъмини қонуният, таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарбаландона иҷро намояд. Прокуратура аз рӯи ваколатҳои конститутсионии худ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи хосса дорад.

Ба мавқеи мақомоти прокуратура дар низоми мақомоти давлатӣ Президенти мамлакат дар вохӯрӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба ҷашни 80-солагии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баҳои арзанда дода буданд: «Прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад».

«Фарҳанги кишвар ба дастовардҳои наззарас шараёб шуд»

Қобилҷон ХУШВАҚТЗОДА, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор:

— Дар тӯли 31 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи фарҳанги кишвар дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба дастовардҳои бузургу назаррас  шарафёб шуд. Имрӯз зарур аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа ба фарҳанги қадим ва рангини миллиамон такя намуда, дар рушди фарҳанги Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии наслҳои наврас ва ҷавони кишвар саҳми хешро гузоранд.

Зарур аст, ки барои нигаҳдошти миллат ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ боло бардошта шавад. Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақсим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи кишвар, ки саршор аз ғояҳо ва асолати миллӣ аст, аз баланд бардоштани дониши таърихӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ иборат аст. Имрӯз қишри зиёии ҷомеаро мебояд, ки ҷиҳати шарҳу тавзеҳи вижагиҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар бо қишрҳои мухталифи ҷомеа нишастҳо баргузор намоянд, то бардавомии миллату давлати соҳибистиқлол дар заминаи маърифти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳазорсолаҳои ояндаи таърих сабт шавад.

«Беш аз 70 санади меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шуданд»

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор:

— Дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 70 санади меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шуданд ва ислоҳоти низоми таълиму тарбия дар ҳамоҳангӣ бо барномаҳои ниҳодҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора такмилу таҳаққуқ ёфт.

Дар заминаи имконоте, ки замони соҳибистиқлолӣ фароҳам овард, манзилҳое, ки дар ихтиёри кормандони соҳа қарор доштанд, ба таври ройгон ба кормандони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, низоми такмили ихтисос дода шуданд.

Дарвоқеъ кушодани гиреҳи бисёр масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳар ҷомеа ба пешрафти соҳаи илму маориф дорад вобастагӣ дорад. Ин ба он маъност, ки рушди ҷомеа бидуни низоми таҳсилоти ба талаботи давр ҷавобгӯ, таълими босифат, кадрҳои ҳирфаӣ ва умуман насли босавод пурраву комил нест. Аз ин рӯ, табиист, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масоили иҷтимоии кишвар дар сиёсати дохилии худ тарҷеҳ додааст ва хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки саривақтии ин мавзӯъ маорифро соҳаи афзалиятноки давлат эълом карда, аз он пуштибонии ҳамешагӣ менамоянд.

«Дар даврони соҳибистқлолӣ озодиҳои динии шаҳрвандон таъмин гардид»

Нусратулло ЗОКИРЗОДА, Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, номзади илмҳои фалсафа:

— Маҳз дар фазои давлатдории миллӣ, ҳар як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллӣ таъсис диҳад. Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар  як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи  озодонаро  фароҳам  меорад».

Дар баробари ба даст овардани истиқлол, мардуми шарифи мо барои зиндагии шоиста тақдирашро худаш муайян намуд, кўшиш кард, барои  он шароит фароҳам оварад.

Дар ин замина дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ҳамоҳанг намудани равандҳои ҳаёти динӣ ва таълиму тадқиқоти масоили диншиносӣ ва хусусан исломшиносӣ, бори аввал Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул гардид, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои уламои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва гимназияҳои таълими динӣ таъсис дода шудаанд.

Дар  мамлакат  озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад. 

«Саҳифаҳои муҳими замони гузаштаи миллати тоҷик аз нав кашф карда шуданд»

Рустам ҲАЙДАРОВ, муовини Директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа:

— Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон  барои ҳар шаҳрванди  кишвар имконияти зиёд барои рушд  фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон ҳар шаҳрванди ватандӯсти мамлакат эҳсос мекунад, ки имрӯз мо дар Ватани орому осуда ва амн зиндагӣ мекунем.  Истиқлолияти мамлакат барои  ҳар фарзанди тоҷик маънои ҳуқуқии худмуайянкунӣ ва интихоби роҳи рушди худро дорад.

Дар заминаи гуфтаҳои боло, бо дарназардошти таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки 31-сола мешавад, метавон гуфт, ки мо тавонистем истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намуда, онро таҳким бахшем, худро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ муаррифӣ  намоем, ҳудудии кишварро пурра  ҳифз кунем. Роҳбарияти Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузоштанд, ки қувваҳои берунӣ ба равандҳо ва корҳои дохилии сиёсии мо дахолат кунанд ва вазъи давлати моро муташанниҷ гардонанд.

Ба туфайли ҷидду ҷаҳди  роҳбарияту олимони кишвар саҳифаҳои муҳимтарини замони гузаштаи  миллати  тоҷик аз нав кашф карда шуданд. Далелу рақамҳои кашфгардида шаҳодати онанд, ки сарзамини мо яке аз қадимтарин марказҳои тамаддун  маҳсуб мешавад.

Имрӯз, яъне дар замони соҳибистиқлолӣ идомаи пайгиронаи эҳёи арзишҳои миллӣ, шинохти амиқи худ, ташаккули ғояю мафкураи миллӣ дар соҳаи маънавӣ вазифаи асосии ҷомеаи тоҷик шуморида мешавад. Мазмуни асосии  мафкураи миллӣ, ки бунёди пешрафти иҷтимоию сиёсии кишвар маҳсуб мешавад, бояд аз чунин ҳадафу вазифаҳои наҷиб, аз қабили таъмини сулҳу субот дар кишвар, ободии Ватан, баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволии мардум  иборат бошад.

«Сиёсати хориҷии дарҳои боз ба роҳ монда шуд»

 Абдуғаффор ЮСУПОВ, Сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ:

 — 31 сол аст, ки Тоҷикистон рамзҳои давлатдории худро дошта, дар арсаи ҷаҳон чун кишвари мустақил шинохта шудааст. Кишвари мо имрӯз узви созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар ҳалли муҳимтарин масоили глобалӣ мавқеи худро муайян менамояд.

Сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар тӯли солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. Барқарор ва рушди  робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад. Стратегияи «дарҳои боз» имкон дод, ки кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ ба кишвари мо ба ҳамкории мутақобилаи судманд ҷалб карда шуда, як қатор лоиҳаи муҳимми иқтисодӣ, энергетикӣ, инфросохторӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоидро фароҳам сохтааст.

Сиёсати «дарҳои боз» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст. Чунин сиёсати созанда ва муваффақ дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Рушди робитаҳо бо кишварҳои Шарқ — Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Ҷопон, бо ҷаҳони ислом, бо кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо самти муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таҳия ва татбиқи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Ҷавобҳоро инҳо навишта гирифтанд:
Назокат ҚОДИРЗОДА,
Акрамхоҷа АКБАР,
Пайрав НАЗАРОВ,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
Марзия САИДЗОДА,
Нарзулло АЛИЗОДА,
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Зарангези ЛАТИФ,
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Сентябрь 9, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»