«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН». Дар Нашриёти «Ирфон» китоби нав чоп шуд
ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон Муассисаи нашриявии «Ирфон» китоби номзади илмҳои фалсафа Ойниёл Назриеваро дар матбааи ҶДММ «Аржанг» ба нашр расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар нашриёти мазкур.
Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудааст.
Дар маҷмӯаи мақолаҳо таҳқиқи масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, баррасии муваффақияти мамлакати мо дар кори ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши ҷиҳатҳои гуногуни ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир ва дигар мавзӯъҳо таҳлил ва баррасӣ гардидаанд.
Маҷмӯа ба соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он зикр шудааст, ки ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз ба туфайли ин неъмат дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад».
Маҷмӯаи мазкур барои хизматчиёни давлатӣ, муҳаққиқон, таҳлилгарон, омӯзгорон ва шахсоне, ки ба масъалаҳои идеяи миллӣ, истиқлолият, пойдории сулҳу суботи давлат ва ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.
АКС: МН «Ирфон»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






