«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН». Дар Нашриёти «Ирфон» китоби нав чоп шуд

Сентябрь 9, 2022 14:45

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон» таҳти чунин унвон Муассисаи нашриявии «Ирфон» китоби номзади илмҳои фалсафа Ойниёл Назриеваро дар матбааи ҶДММ  «Аржанг» ба нашр расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар нашриёти мазкур.

Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудааст.

Дар маҷмӯаи мақолаҳо таҳқиқи масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, баррасии муваффақияти мамлакати мо дар кори ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши ҷиҳатҳои гуногуни ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир ва дигар мавзӯъҳо таҳлил ва баррасӣ гардидаанд.

Маҷмӯа ба соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он зикр шудааст, ки ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудаанд, ки «истиқлолият муқаддастарину азизтарин  неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем,  ки  имрӯз ба туфайли ин неъмат дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад».

Маҷмӯаи мазкур барои хизматчиёни давлатӣ, муҳаққиқон, таҳлилгарон, омӯзгорон ва шахсоне, ки ба масъалаҳои идеяи миллӣ, истиқлолият, пойдории сулҳу суботи давлат ва ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

АКС: МН «Ирфон»

Сентябрь 9, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ёдгории нави таърихӣ кашф гардид
Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ оғоз шуд
Бахшида ба 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Академияи миллии илмҳо конфронс доир гардид
«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Беш аз 30 тарроҳ маҳсули дастони худро дар Душанбе ба намоиш гузошт
«ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Хоруғ даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт
Филми мустанади «Тоҷикон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия мешавад
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд
Соли чорум аст, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳон аз тамошои Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе баҳра мебаранд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт
Пешниҳод: «Чойхонаи миллии тоҷикӣ бояд ба феҳристи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид карда шавад»
Дар деҳаи Кангурт сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов таъмир мегардад