ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАББУСҲОИ МАРБУТ БА ОБИ ТОҶИКИСТОН. Баррасии масъала дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»

Сентябрь 5, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик буда, мавҷудияти он боиси пешрафт ва муаррифии мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Маҳз бо шарофати Истиклолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро ҳамчун сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашуда рушд дода, дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти ҳалталаби  ҷаҳон, аз ҷумла, масоили марбут ба об саҳми арзанда мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 31 соли истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан дар радифи кишварҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аввалин маротиба  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид  нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои  сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили  робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи ҷомеаи байналмилалӣ гардад, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла, масъалаҳои муҳими экологӣ ба самъи ҷаҳониён расонида мешаванд.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза, ки 1 октябри соли 1999 сурат гирифта буд, қадами нахустини Тоҷикистон дар масъалаи об гардид, ки ин иқдоми созанда маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии мамлакат амалӣ гардид,

Ташаббусҳои башардӯстона ва беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи таъмин намудани аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, обёрӣ намудани заминҳои хушкида ва дигар иқдомҳои байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлати ҷавони тоҷикон миёни мамлакатҳои ҷаҳон  мавқеъ ва манзалати хос пайдо намудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ дар соҳаи обро  нишонаи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо номида, пайваста дар ин масъала саъю талош ба харҷ медиҳад.

Тафсилоти бештар вобаста ба масъалаи нақши Истиқлолияти давлатӣ дар амалӣ гардонидани ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» бо иштироки  муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар АШӮРОВ дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Наврӯзи НУРУЛЛО пешниҳоди шунавандагон мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд