ИТТИЛОИЯ. Дар бораи идомаи амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистон дар минтақаи марзӣ

Сентябрь 21, 2022 09:48

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди аз ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расидани протокол дар бораи ба низом даровардани вазъият дар марз ҷониби Тоҷикистон якчанд амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистонро сабт кардааст, ки ташаннуҷ дар сарҳадро афзоиш медиҳанд. Дар ин бора дар паёми иттилоотие, ки дар саҳифаи фейсбукии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад.

Ҷониби Қирғизистон ҳолати аз хатти даргириҳо берун баровардани қӯшунҳо ва техникаи вазнини низомиашро бардурӯғ вонамуд карда, онҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишини наздимарзии ноҳияҳои Лайлак ва Ҷонолойи вилояти Бодканди Қирғизистон пинҳон мекунад.

18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи марзии «Сарҳадчӣ» дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон таҷҳизоти вазнини низомии пинҳоннамудаи иборат аз чаҳор воҳид – БТР, БМП, БРДМ и ЗУ 22мм-и Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ба мушоҳида расиданд.

19 сентябр дар наздикии нуқтаи аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон макони ҷойгиршавии техникаи низомии пинҳоннамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон дар ҳаҷми 12 адад ошкор гардид.

19 сентябр дар фосилаи начандон дуртар аз дидбонгоҳи сарҳадии №3 «Нуробод»-и ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ҳузури неруҳои вижаи Қирғизистон бо теъдоди 70 нафари мусаллаҳ муайян карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон сабти мавридҳои зиёди нақзи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Қирғизистон идома медиҳад. Ҳамин тариқ, 19-20 сентябр парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз дар фазои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ​​ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, посгоҳҳои сарҳадии «Сарҳадчӣ» ва «Ширинчашма»-и ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк»-и ноҳияи Деваштич, инчунин дар болои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расид.

Тоҷикистон бори дигар ҷониби Қирғизистонро даъват мекунад, ки санадҳои имзошуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзиро қатъиян иҷро кунад. Дар акси ҳол ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ хоҳад кард. Масъулияти оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона бар дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид