Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА таҳкими амнияти иқтисодиро баррасӣ намуданд

Сентябрь 29, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нишасти формати «С5+1» масъалаҳои мустаҳкам намудани амнияти иқтисодӣ, инчунин зарурати рафъи ихтилофот бо роҳи дипломатиро муҳокима намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  изҳороти муштараке, ки дафтари матбуоти департаменти давлатии ИМА 28 сентябр нашр кардааст.

Нишасти формати «С5+1» 22 сентябр дар Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.

«Онҳо ба се даҳсолаи шарикии мутақобилан судманди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷонибдории тағйирнопазири риояи Оинномаи СММ, алалхусус принсипҳои эҳтироми соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ ва яклухтии тамоми мамлакатҳоро зикр намуданд. Иштирокчиён ҳамчунин аҳамияти ҳифзи сулҳу амният ва ҳалли баҳсҳоро тавассути дипломатия таъкид карданд», -гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Кишварҳо тарафдории худро барои ҳамкории зичтар ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим тасдиқ карданд.

АКС:MFA_KZ/Twitter

Сентябрь 29, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд