Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА таҳкими амнияти иқтисодиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нишасти формати «С5+1» масъалаҳои мустаҳкам намудани амнияти иқтисодӣ, инчунин зарурати рафъи ихтилофот бо роҳи дипломатиро муҳокима намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти муштараке, ки дафтари матбуоти департаменти давлатии ИМА 28 сентябр нашр кардааст.
Нишасти формати «С5+1» 22 сентябр дар Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.
«Онҳо ба се даҳсолаи шарикии мутақобилан судманди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷонибдории тағйирнопазири риояи Оинномаи СММ, алалхусус принсипҳои эҳтироми соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ ва яклухтии тамоми мамлакатҳоро зикр намуданд. Иштирокчиён ҳамчунин аҳамияти ҳифзи сулҳу амният ва ҳалли баҳсҳоро тавассути дипломатия таъкид карданд», -гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Кишварҳо тарафдории худро барои ҳамкории зичтар ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим тасдиқ карданд.
АКС:MFA_KZ/Twitter








Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Москва
Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Ҷашнвораи баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
Дар шаҳри Варшава барои ҷавонони тоҷик мусобиқаи футбол ташкил карда шуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон вохӯрӣ кард






