Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид

Сентябрь 7, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 07.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати мамлакат 30 августи соли равон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид. Вобаста ба қабули Консепсияи мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Гулзода ҳамсуҳбат гардид. 

АМИТ «Ховар»: Ҳадаф аз қабул гардидани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 чист ва он чанд марҳиларо дар мегирад?

А. Гулзода:  Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад.

Тибқи лоиҳа, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳала: солҳои  2023 – 2026, 2027 – 2030  ва 2030 – 2040 татбиқ мегардад.

АМИТ «Ховар»:  Мегуфтед, ки дар Консепсия  диққати асосӣ ба кадом зинаи таҳсил равона мешавад?

А. Гулзода:  Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати  асосиро  ба таҳсилоти миёнаи умумӣ равона менамояд, инчунин тамоми зинаҳои дигари таҳсилро фаро хоҳад гирифт. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсилот таҳия шуда, аз ҷумла арзишҳои миллию башарӣ, дастовардҳои илмию техникиро фаро мегирад.

Бо амалӣ шудани таҳсилоти рақамӣ формати (шакли) идоракунии муассисаҳои таҳсилотӣ тадриҷан тағйир меёбад. Дар муассисаҳои таҳсилотӣ муҳити ба истилоҳ рақамӣ ташкил меёбад. Дар оянда рӯзномаҳои электронӣ, тахтаҳои электронӣ бо мундариҷаи интерактивӣ, компютерҳо ва планшетҳо истифода мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар раванди иҷро гардидани ин Консепсия  вазифаҳои омӯзгор низ тағйир меёбанд?

А. Гулзода:  Дар раванди иҷро шудани Консепсия омӯзгор нақши «миёнарав»-ро иҷро мекунад. Вай шахсиятест, ки донишро мустақиман интиқол медиҳад ва хонандагону донишҷӯён бояд ҳар як амалро «нусхабардорӣ» кунанд.

АМИТ «Ховар»: Дар Консепсия омадааст, ки «Портали ягона» таъсис дода мешавад. Мегуфтед, ки вазифаи  он аз чӣ иборат аст?

А. Гулзода: Портал дар худ  маводи таълимии рақамиро ҳифз менамояд ва муҳассилин онро ба осонӣ дастрас менамоянд. Яке аз ин китобхонаи электронӣ мебошад. Китобхона дар сервер ҷойгир мешавад ва хонандагон аз он ройгон истифода менамоянд. Ба ҷуз ин, хонандагон имкон пайдо мекунанд китобҳоро тавассути телефони мобилӣ ва планшет истифода намоянд.  Дар портал инчунин дарсҳои видеоӣ ҷой дода мешаванд. Раванди дарси омӯзгоронеро, ки таҷрибаи хуб доранд, ба навор гирифта, дар сервер ҷой медиҳему ба хонандагон пешниҳод менамоем. Хонандагон метавонанд тавассути телефон ё планшет  дарсҳоро тамошо намоянд. Наворҳо дар шакли диск низ ба хонандагон пешниҳод мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Вазифаҳои Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чӣ иборатанд?

А. Гулзода:  Вазифаҳои консепсияҳои мазкур- ин баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди омӯзиш бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва онлайнӣ, татбиқи барномаҳои таҳсилоти рақамӣ ва дарки низоми нави маориф мебошад

Яке аз вазифаҳои ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 таъмини тамоми духтарон ва писарон бо таҳсили пурраи ройгон, баробар ва босифат дар зинаи ибтидоӣ ва миёна бо натиҷаҳои муассири таълим ва ба таври устувор зиёд шудани шумораи ҷавонон ва калонсолони дорои малакаи муносиб ба шуғл, кори шоиста ва соҳибкорӣ мебошад. Инчунин тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ба захираҳои интернетӣ ва таҷҳизоти компютерӣ дастрасии васеъ пайдо менамоянд.

Ҳамчунин таъмини маводи интернетӣ барои аксари фанҳо ва васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои интерактивии таълим бо истифода аз ТИК, аз ҷумла таҳсили фосилавӣ (онлайн)  ва рушди барномаҳои заминавии таълим бо забони тоҷикӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
КИШТИ ТАКРОРӢ. Чӣ тавр аз як замин ду ё се ҳосил ба даст оварем?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: «Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад»
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид