Кумаки башардӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон дастрас гардид

Сентябрь 16, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 15 сентябр, кумаки башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумакро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон — Мушовири махсуси Сарвазир, Вазири федеролии Покистон Амир Муқам супорид.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 сентябр бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд ва 7 сентябр корвони мошинҳо ба самти Покистон равона гардид.

Бояд таъкид намуд, ки кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат буда, вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

Иқдоми мазкур нишони сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад.


Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.

Дирӯз, 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири кишвари дӯсти Покистон табрик гуфта, дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.

Дар баробари ин Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он кишвар ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.

Дар ин зимн Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро ба ҷониби Тоҷикистон барои расонидани кумаки башарӣ изҳор намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар

Сентябрь 16, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд