Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 45 нафарро ба касбомӯзӣ фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 10.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои навбатии омӯзишӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар онҳо 45 нафар ҷавонон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Курсҳои омӯзишӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» ба роҳ монда шуда, дар он ҷавонон омӯзиши қаннодӣ, ороиши мӯю рӯй, хӯрокпазӣ ва дигар намуди ҳунарҳоро аз бар менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омода намудани ҷавонон ба касбомӯзӣ, тайёр кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона имконияти нав ба нав фароҳам оварда шуда, ташкили курсҳои мазкур намунаи олии ин гуфтаҳост.
«Шумо бояд соҳибҳунар, дорои касб ва шуғли пурмаҳсул бошед, то тавонед зиндагии минбаъдаи хешро босаодат гузаронед. Шахси ҳунарманд дар ҷомеа мақому манзалати махсус дорад ва тавассути ҳунар зиндагии иҷтимоии худро таъмин менамояд», -гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Дар анҷоми курсҳои омӯзишӣ иштирокдорон бо дипломи хатми курс таъмин мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






