Миёни федератсияҳои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Русия Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 7, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Русия Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ёддошти ҳамкорӣ зимни сафари кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба Федератсияи Русия ба имзо расид.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Русия Михаил  Шмаков ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни ҷонибҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ  аз ҷараёни ҳамкории дуҷониба ҷиҳати вусъати ин раванд имзои Ёддошти ҳамкориро, ки қаблан мувофиқа шуда буд, саривақтӣ шумориданд.

Меморандуми ба имзорасида барои вусъати ҳамкории гуногунҷабҳаи дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков мулоқоти корӣ доир намуд.   Зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баҳри саҳмгузорӣ дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) бо «Нишони нуқрагини 30-солагии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба» қадрдонӣ гардид.

Акс: ФИКМТ

Сентябрь 7, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид