Миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 200 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Сентябрь 2, 2022 13:26

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 200 санади ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки асоси ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин бора дирӯз, 1 сентябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи раванди таҳсилашон ба забони русӣ дар ҷумҳурӣ хабар доданд.

«Дар давраи гузашта (30 соли равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия – тавзеҳи АМИТ «Ховар») заминаи зарурии шартномавию ҳуқуқии бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии муносибатҳои мо фароҳам гардид. Дар сатҳи ҳукуматҳо, идораҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар зиёда аз 200 санад оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳамчун заминаи боэътимоди густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм хизмат менамоянд», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки соли 2020 дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. «Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд», — хулоса карданд Пешвои миллат. Маросим ба таври маҷозӣ баргузор шуда, дар он Президенти Русия Владимир Путин низ ширкат дошт.

Мактабҳои таҳсилашон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд кушода шуданд. Барномаи таълимӣ дар онҳо махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, дар онҳо омӯзгорони рус дарс медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон 17 апрели соли 2019 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар шаҳри Москва ба имзо расида буд.

Қаблан, 4 апрели соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ба нашр расид, ки тибқи он якчанд барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд. Охирини он — Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 августи соли 2019 тасдиқ шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2022 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд