Миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 200 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Сентябрь 2, 2022 13:26

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 200 санади ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки асоси ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин бора дирӯз, 1 сентябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи раванди таҳсилашон ба забони русӣ дар ҷумҳурӣ хабар доданд.

«Дар давраи гузашта (30 соли равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия – тавзеҳи АМИТ «Ховар») заминаи зарурии шартномавию ҳуқуқии бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии муносибатҳои мо фароҳам гардид. Дар сатҳи ҳукуматҳо, идораҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар зиёда аз 200 санад оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳамчун заминаи боэътимоди густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм хизмат менамоянд», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки соли 2020 дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. «Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд», — хулоса карданд Пешвои миллат. Маросим ба таври маҷозӣ баргузор шуда, дар он Президенти Русия Владимир Путин низ ширкат дошт.

Мактабҳои таҳсилашон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд кушода шуданд. Барномаи таълимӣ дар онҳо махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, дар онҳо омӯзгорони рус дарс медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон 17 апрели соли 2019 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар шаҳри Москва ба имзо расида буд.

Қаблан, 4 апрели соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ба нашр расид, ки тибқи он якчанд барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд. Охирини он — Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 августи соли 2019 тасдиқ шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2022 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад