Муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ бо мизу курсиҳои нав таъмин шуданд

Сентябрь 3, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии Раиси вилояти Суғд боз барои 800 ҷойи нишаст мизу курсии нав дастрас карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  маркази матбуоти Раиси ноҳия Мастчоҳ.

Чанде пеш дар доираи дастгириҳои раиси вилоят барои 1600 ҷойи нишаст мизу курсӣ дастраси муассисаи таълимии ноҳия гардида буд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба масъулини шуъбаи маорифи ноҳия дастур дод, ки дар навбати аввал он муассисаҳои таълимиеро, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъмин намоянд.

Бо ибтикори раиси ноҳия ва дастгириҳои шахсони саховатпеша, соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар афроди хайрхоҳ барои харидории беш аз 11 ҳазор адад шифер барои болопӯши муассисаҳои таълимии ноҳия ва таҷҳизоти муосири хониш, аз ҷумла тахтаи электронӣ, проекторҳои мултимедиявӣ ва компютерҳо кор бурда шуда истодааст, ки рӯзҳои наздик тақсими онҳо низ оғоз мешавад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ феълан 48 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ ва 13 кӯдакистон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 27 ҳазору 402 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва 1860 омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳия Мастчоҳ

Сентябрь 3, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд