Мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва минтақаҳои Узбекистон 197 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 09.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои Ҷумҳурии Узбекистон 197 миллион долларро ташкил дод. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилоятҳои Суғд ва Фарғона маълумот дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
8 сентябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд.
Дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони тоҷику узбек иштирок намуданд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки мардуми тоҷику узбек бо сиёсати дурбинонаи президентҳои ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстона ва бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ зиндагӣ доранд.
Гуфта шуд, ки сафари роҳбарияти вилояти Фарғона ва соҳибкорону тоҷирон ба вилояти Суғд ва баргузории форуми мазкур қадами муҳим дар ҷодаи рушди муносибатҳои дуҷониба буда, ташкили чунин чорабиниҳои муҳим имкон медиҳад, ки тарафҳо аз имкониятҳои ҳамдигар бохабар бошанд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифии имкониятҳои мавҷуда таъкид кард, ки Суғди бостонӣ чун «Водии имкониятҳо» шинохта шуда, дар вилоят беш аз 2,8 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.
Суғд дорои таъриху фарҳанги бой, урфу одат ва анъанаҳои хос, захираҳои бузурги табиӣ буда, дар вилоят 800 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар корхонаҳои саноатӣ 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ номгӯи зиёди маҳсулот истеҳсол шуда, ҳамасола садҳо тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содирот мегардад. Дар вилоят ҳамзамон солона 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида, маҳсулоти пахтагин истеҳсол мешавад.
Вилояти Суғд бо беш аз 60 давлати олам ҳамкории иқтисодӣ дошта, гардиши савдои хориҷии он солона 2,5 миллиард доллар аст.
Мубодилаи молу маҳсулот бо минтақаҳои Ҷумҳурии Узбекистон дар муқоиса бо соли 2017 ду баробар зиёд гардида, соли гузашта 207,5 миллион ва дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 197 миллион долларро ташкил дод.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ҷиҳати таҳкимбахшии муносибатҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ карда, илова намуд, ки соҳибкорони тоҷику узбек метавонанд дар азхудкунии заминҳо бо усули обёрии қатрагӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, корхонаҳои саноатӣ ҳамкориро тақвият бахшанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи форум ҷонибҳо лоиҳаҳои навро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати амалишавии тарҳҳои муштарак ба мувофиқа мерасанд.
Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров зимни суханронии худ таҳкими ҳамкориро натиҷаи сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо арзёбӣ карда, ба сатҳи ташкилии форум баҳои баланд дод ва изҳори боварӣ кард, ки соҳибкорони ду вилоят барои густариши робитаҳо аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мекунанд.
Дар ҳайати меҳмонон раисони шаҳру ноҳияҳои Риштон, Қувасой, Данғара, Бешариқ, намояндагони Палатаи савдо ва саноат, роҳбарони беш аз 30 ширкати истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба Суғд омадаанд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ дидору гуфтугӯ хоҳанд намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






