МУКОФОТ МУБОРАК! Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони АМИТ «Ховар» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар рушди иттилоот бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Назокат Қодирзода бо медали «Хизмати шоиста» ва муҳаррири шуъбаи иқтисодӣ Рустам Ҷамилзода бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Сараввал директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастоварҳое, ки кишварамон дар тӯли 31 соли соҳибихтиёрӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, ёдовар шуд ва онҳоро дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик беназир арзёбӣ кард.
Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Музаффар Давлатзода мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони агентӣ дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.
Музаффар Давлатзода иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони воситаҳои ахбори омма нишони қадршиносии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ВАО мебошад. «Дар ҳақиқат, саҳми ВАО дар ғанӣ гардондани фазои иттилоотии мамлакат бо хабарҳои фаврию дақиқ, муътамаду воқеъбинона ва созандаю рӯҳбахш назаррас аст», — тазаккур дод ӯ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи анъанаи нек ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд. 25 ва 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, инчунин роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии мамлакат, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад






