Намояндаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 7-уми ЭКСПО «Чин — Авруосиё» иштирок намуд

Сентябрь 20, 2022 09:17

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 7-уми ЭКСПО «Чин — Авруосиё», ки дар шакли видеоконфронс бо иштироки якчанд кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, ин намоишгоҳ ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳо равона шудааст.

Дар маросим намояндагони Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Узбекистон ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.

Дар анҷоми намоишгоҳ намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дастовардҳои хуби минтақаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод зикр намуда, омодагии худро барои боз ҳам афзун намудани онҳо изҳор доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Сентябрь 20, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд