Омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии занони ихтироъкор соҳиби медали тилло ва Шоҳҷоиза шуданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саврибегим Ёрмамадова ва Муқаддас Қурбонова дар Форуми 15-уми байналмилалии занони ихтироъкор, ки аз 24 то 27 август дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, соҳиби медали тилло ва Шоҳҷоиза гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Талабшо Ихромов хабар дод.
Форуми мазкур бо иштироки намояндагони 30 давлати узви Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва 500 нафар ихтироъкор баргузор гардид.
Дар кори форум устодони донишгоҳ дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ва «Истифодаи хӯлаҳои алюминий бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» ихтироот намуда, дар нишастҳои омӯзишӣ миёни мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд. Пас аз таҳлили мутахассисон бонувони ихтироъкор бо Шоҳҷоиза ва медали тилло қадрдонӣ шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дастоварди навбатии устодони ДМТ дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба даст омадааст.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгори ҷавони кафедраи химияи татбиқии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова дар Форуми ихтироъкорони ҷаҳон моҳи майи соли 2021 дар Полша соҳиби медали тилло гардида буд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






