Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд

Сентябрь 10, 2022 10:07

ДУШАНБЕ, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs), кишварҳои кам тараққикарда (LDCs) ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ (SIDs) хонум Фотима Рабаб, ки ба ин вазифа нав таъйин шудааст, доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба авлавиятҳои Тоҷикистон дар Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 татбиқи Барномаи амали Вена ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ (Давҳа, соли 2024) табодули назар карданд.

Инчунин, Намояндаи доимӣ дар бораи ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо маълумот дода, даъват кард, ки дар пешбарии иқдоми мазкур  Дафтари Намояндаи Олӣ ва Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ дастгирӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 3 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Пешвои миллат ҳамчунин дар ин қарина бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намуданд.

АКС: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

Сентябрь 10, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд