Пагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардад

Сентябрь 26, 2022 16:51

ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои пудратчии ҶСК «НБО Роғун» ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Ярмаркаҳои мазкур аз соати 9:00 дар назди мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хоруғи ВМКБ, бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Маҳмудҷонови шаҳри Бохтар, бинои Маркази ҷавонони маҳаллаи С. Сафарови шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар гулгашти хиёбони Рӯдакӣ 10 (дар назди маркази савдои Садбарг) шаҳри Душанбе оғоз мегарданд.

Музди маош шартномавӣ буда, аз 2700 то 4500 сомонӣ пешниҳод шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2022 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад