ПАХТА-2022. Дар Конибодом ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз ёфт

Сентябрь 10, 2022 10:26

СУҒД, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоеви шаҳри Конибодом якҷо бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил супориш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар шаш ҷамоати деҳоти шаҳр дар 5403 гектар чигит кишт гардида, деҳқонон ҳосили хубро интизоранд. Дар рӯзи аввал кишоварзону ҳашарчиён беш аз 400 тонна пахта чиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳолати кунунии корхонаҳои коркарди пахта ва омодагии онҳо ба мавсими қабули пахта шинос гардид. Раиси вилоят аз корхонаҳои «Конибодом коттон», «Асади Конибодом» ва «Пахтаи Ориён» боздид карда, барои қабули саривақтии пахта, коркарди он, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли равған ба роҳбарони корхонаҳо супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 10, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд