Президенти мамлакат аз мардуми Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки тамоми имконотро барои рушди кишвар сафарбар намоянд

Сентябрь 9, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки тамоми имконотро ба хотири рушди давлати соҳибистиқлол ва болоравии обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ сафарбар намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре 8 сентябр зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани майдони «Истиқлол» дар пойтахт Сарвари давлат иброз доштанд, мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.

«Дар ин раванд, хурду бузурги кишвар бояд аҳаммият ва зарурати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷиконро амиқан дарк намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки ҳар иқдому ташаббусе, ки ҳар яки мо имрӯз анҷом медиҳем, барои халқи Тоҷикистон ва фардои ободи фарзандонамон, яъне наслҳои оянда мебошад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки мардуми тоҷик, бахусус, насли ҷавони кишвар андешаи истиқлоли миллиро ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири ҳаёт ва ҳастии худ, меҳвари нангу номус ва ҳувияту ғурури миллӣ шуморида, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 8 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ майдони «Истиқлол» ва маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» ифтитоҳ карда шуданд.

Баландии маҷмааи «Истиқлол» 121 метр буда, қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисми болоии он 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолиятро ифода менамояд.

Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

Дар қисми болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад