Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон дар доираи Фестивали XIV байналмилалии кинои Тошканд доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 18 сентябр дар Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Дурдонаҳои роҳи абрешим» Фестивали XIV байналмилалии кинои Тошканд баргузор мегардад, ки дар доираи он Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Дар Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон филмҳои ҳунарӣ ва мустанади Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», аз қабили «Охирин сайди сайёд» (коргардон Муҳаммадрабии Исмоил), «Роҳ» (коргардон Носир Саидов), «Додараки фариштаҳо» (коргардон Умедшо Мирзоширинов), «Масири ҳамдилӣ-СҲШ» (коргардон Файзулло Файзов) ва «Се рӯзи як баҳор» (коргардон Рустам Шоазимов) барои алоқамандони кино намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон бастани Қарордод оид ба шурӯи истеҳсоли филми ҳунарию таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи таҳия ва наворбардории филми ҳунарию таърихии муштарак доир ба дӯстии халқҳои тоҷику узбек дар симои абармардони олами ирфон- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мавриди корбарӣ қарор гирифта, дар ин самт консепсияи филм таҳти унвони «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» омода карда шуд.
Интизор меравад, ки доир ба таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки «Норак» миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди «Киностудияи миллии «Беларусфилм», инчунин доир ба филми тасвирии муштараки «Бабри барфӣ» бо киностудияи «Лендок» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.
Дар фестивали мазкур баргузории чорабиниҳо, аз қабили Озмуни байналмилалии «Кино дар муддати панҷ рӯз», Рӯзҳои кинои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Рӯзҳои кинои ҷаҳонӣ, Рӯзҳои кинои мустанад, Рӯзҳои кинои Тоҷикистон, Рӯзи кинои Узбекистон, Шӯрои VI директорони киностудияҳои ИДМ, ҳамоиши синамоии созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (ТЮРКСОЙ) ва муаррифии филмҳои муштарак миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон дар назар аст.
Ҳамчунин барномаҳои маърифатии дарсҳои «Устод ва шогирд», кинофорумҳо, мизҳои мудаввар ва мулоқоти эҷодӣ бо филмсозону коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҷараён мегиранд.
Интизор меравад, ки дар ин рӯзҳо зиёда аз 20 созишномаю қарордодҳои ҳамкорӣ оид ба таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак ба тасвиб расонида шаванд. Инчунин дар филиали Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи шаҳри Тошканд намоишгоҳи мусаввараҳои донишҷӯёни ин даргоҳи ҳунар баргузор мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: МД «Тоҷикфилм»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






