Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон дар доираи Фестивали XIV байналмилалии кинои Тошканд доир мегарданд

Сентябрь 13, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 18 сентябр дар Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Дурдонаҳои роҳи абрешим» Фестивали XIV байналмилалии кинои Тошканд баргузор мегардад, ки дар доираи он Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».

Дар Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон филмҳои ҳунарӣ ва мустанади Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», аз қабили «Охирин сайди сайёд» (коргардон Муҳаммадрабии Исмоил), «Роҳ» (коргардон Носир Саидов), «Додараки фариштаҳо» (коргардон Умедшо Мирзоширинов), «Масири ҳамдилӣ-СҲШ» (коргардон Файзулло Файзов) ва «Се рӯзи як баҳор» (коргардон Рустам Шоазимов) барои алоқамандони кино намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон бастани Қарордод оид ба шурӯи истеҳсоли филми ҳунарию таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи таҳия ва наворбардории филми ҳунарию таърихии муштарак доир ба дӯстии халқҳои тоҷику узбек дар симои абармардони олами ирфон- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мавриди корбарӣ қарор гирифта, дар ин самт консепсияи филм таҳти унвони «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» омода карда шуд.

Интизор меравад, ки доир ба таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки «Норак» миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди «Киностудияи миллии «Беларусфилм», инчунин доир ба филми тасвирии муштараки «Бабри барфӣ» бо киностудияи «Лендок» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.Дар фестивали мазкур баргузории чорабиниҳо, аз қабили Озмуни байналмилалии «Кино дар муддати панҷ рӯз», Рӯзҳои кинои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Рӯзҳои кинои ҷаҳонӣ, Рӯзҳои кинои мустанад, Рӯзҳои кинои Тоҷикистон, Рӯзи кинои Узбекистон, Шӯрои VI директорони киностудияҳои ИДМ, ҳамоиши синамоии созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (ТЮРКСОЙ) ва муаррифии филмҳои муштарак миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон дар назар аст.

Ҳамчунин барномаҳои маърифатии дарсҳои «Устод ва шогирд», кинофорумҳо, мизҳои мудаввар ва мулоқоти эҷодӣ бо филмсозону коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҷараён мегиранд.

Интизор меравад, ки дар ин рӯзҳо зиёда аз 20 созишномаю қарордодҳои ҳамкорӣ оид ба таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак ба тасвиб расонида шаванд. Инчунин дар филиали Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи шаҳри Тошканд намоишгоҳи мусаввараҳои донишҷӯёни ин даргоҳи ҳунар баргузор мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: МД «Тоҷикфилм»

Сентябрь 13, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОЗИБАИ ПЕШВО». Дар Қоҳира дар бораи Президенти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе нахустин маротиба Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир гардид
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад
Олимони Институти астрофизикаи Тоҷикистон дар машварати ҷаҳонии COSPAR -2024 иштирок доранд
Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз ёфт
Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад
Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст